Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ғолиб гардид.
Дастаи Далер Каёсов дар гурӯҳи «В» бар тимҳои Туркманистон (4:1) ва Афғонистон (3:0) пирӯз шуда, аз мақоми аввал ба финали ин мусобиқа баромад.
Дар бозии ҳалкунанда дастаи Тоҷикистон дар қувваозмоии шадид бар тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 4:3 ғалаба намуд.
Тими миллии наврасони Тоҷикистонро бо ин дастоварди арзанда муборакбод мегӯем!
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони кишвар таҳти роҳбарии Далер Каёсов бори сеюм ғолиби мусобиқаи CAFA мегардад. Қаблан Каёсов бо тими наврасон дар солҳои 2022 ва 2023 низ ба гирифтани ҷоизаи мазкур даст ёфта буд.