Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом дод

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом дод.

Ин дидор 25 май дар варзишгоҳи “Металлург”-и Бекобод баргузор шуда, бо пирӯзии тими Ӯзбекистон – 2:0 поён ёфт. Аз ҳайати мизбонон голҳоро Отабек Ҷӯракузиев ва Улуғбек Ҳошимов ба самар расониданд.

Қобили зикр аст, ки нӯҳ бозигари дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ҳоло дар ихтиёри тими миллии кишвар қарор доранд, ки ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мебинанд. Ба ин далел, онҳо наметавонанд дар ҳайати тими олимпӣ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар Ӯзбекистон, ки аз 1 то 19 июн баргузор мешавад, ширкат кунанд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «D» баромад мекунад. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Арабистони Саудӣ (3 июн), АМА (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) мебошанд.

 

Бозии дӯстона

Ӯзбекистон (U-23) – ТОҶИКИСТОН (U-23) – 2:0

Голҳо: Отабек Ҷӯракузиев, 16 (1:0). Улуғбек Ҳошимов, 73 (2:0).

Тоҷикистон (U-23): Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳаммадҷон Насков, Ҳусейн Нурматов, Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов, Ислом Зоиров, Умарҷон Шарипов, Амадонӣ Камолов, Сорбон Авғонов, Кароматулло Саидов, Рустам Соиров.

Дар майдон иваз шуданд: Аҳлиддин Ҳабибуллоев, Ҷонибек Шарифов, Фирдавс Алиназаров, Шоҳрух Сангов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Далер Ёдгоров, Абдулмуъмин Забиров, Шарифбек Раҳматов, Шарафҷон Солеҳов, Муҳаммадалӣ Азизбоев, Сунатулло Исмоилов.

25 май. Бекобод. Варзишгоҳи «Металлург».

Назари худро бинависед