Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) пеш аз оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 барои машқҳои дастаҷамъӣ ба Малайзия рафт – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) пеш аз оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 барои машқҳои дастаҷамъӣ ба Малайзия рафт

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар Малайзия ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад.

Сармураббии тими наврасони кишвар Марко Раҷинӣ 23 бозигарро ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 12 то 20 октябр дар Малайзия баргузор мешавад, даъват кардааст.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «J» рақобат мекунад. Ҳарифони дастаи мо мунтахабҳои Гуам (23 октябр), Сингапур (25 октябр) ва Уммон (27 октябр) мебошанд. Бозиҳои даври интихобӣ дар Сингапур баргузор мешаванд.

Бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ ғолибони 10 гурӯҳ ва панҷ тими беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасон роҳхат мегиранд.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои то 17-сола аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Назари худро бинависед