Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷинӣ дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки дар Ҷоҳор ҷараён дорад, бо ҳамсолони хеш аз Малайзия бозии санҷишии дуюмро анҷом дод.
Ин дидор имрӯз, 18 октябр дар варзишгоҳи «Пасир Гуданг»-и Ҷоҳори Малайзия баргузор шуда, мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Голи дастаи моро Умед Ҷафоев зад.
Қаблан дар бозии назоратии якум мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар тими Малайзия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буд.
21 октябр мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «J» ба Сингапур сафар мекунад. Ҳарифони дастаи мо мунтахабҳои Гуам (23 октябр), Сингапур (25 октябр) ва Уммон (27 октябр) мебошанд.