Дастаи мунтахаби наврасони то 16 соли Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ҷамъомади дуюми дуҳафтаинаи омӯшиву машқии худро дар Душанбе оғоз намуд.
Барои иштирок дар ин ҷамъомади омӯзишиву машқӣ сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев 26 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 муҳофизатгар, 9 ниммуҳофизатгар ва 6 ҳамлагарро даъват кардаст. Мувофиқи нақшаи ситоди мураббиён дар ин ҷамъомади омӯзишиву машқӣ даста рӯзе ду маротиба тамрин мекунад. Баргузории бозиҳои санҷишиву дӯстонаи дастаи мунтахаби наврасони то 16 соли Тоҷикистон дар ҷамъомади омӯзишиву машқии сеюми даста ба нақша гирифта шудаанд. Чорабинии мазкур ниммаи дуюми моҳи декабр баргузор хоҳад гашт.
Ёдрас мешавем, ки марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё барои дастаҳои мунтахаби то 16 сол ба соли дигар гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа дастаи наврасони мо дар гурӯҳи «В» баромад мекунад. Рақибони дастаи Аҳлиддин Турдиев дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Яман ва АМА мебошанд.
Чор дастаи беҳтарини марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2021 соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон байни наврасони зери 17 сол (U-17) мешаванд. Чемпионати ҷаҳон байни наврасони зери 17 сол (U-17) дар давлати Перу баргузор мешавад.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) барои иштирок дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Сӯҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»);
Муҳофизон: Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Қурбоналӣ Муродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Ниммуҳофизон: Алиҷони Айнӣ, Аббос Андалибов, Муҷовид Шовайсудинов, Бежан Нишонбойзода, Хусрав Тоиров, Меҳрубон Каримов, Кабир Салимшоев (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Кароматулло Боронов (Академия футболи ФФТ), Азибек Далиев («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Муҳаммадворис Саидалиев (ММВЗО), Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов, Асадбек Ҷӯрабекзода, Хуршед Давлатзода (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Абдулло Шарипов (МҶМОВ).
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.