Тими миллии Тоҷикистон, ки айни ҳол ҷиҳати баргузории ҷамъомади омӯзишиву машқии худ дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ қарор дорад, омодагиро ба бозии санҷишӣ бо мунтахаби миллии ин кишвар шурӯъ намуд. Ногуфта намонад, ки тими миллии АМА иштирокчии бозии ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2019 мебошад.
Баъд аз бозии дӯстона бо тими миллии Баҳрайн (0:1) футболбозони тими миллии Тоҷикистон як рӯз истироҳат намуда, рӯзи 9 ноябр омодагиро ба бозӣ муқобили АМА оғоз бахшиданд. Ниммуҳофизи “Локомотив”-и Пловдив Парвиз Умарбоев низ ба даста ҳамроҳ шуд.
Ёдрас мешавем, ки бозии дӯстона байни тимҳои АМА ва Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 12 ноябр, дар варзишгоҳи «Зобил» дар Дубай баргузор мешавад. Варзишгоҳи мазкур варзишгоҳи хонагии бошгоҳи футболи «Ал-Васл» аст. Вохӯрӣ соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (19:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Қаблан дастаҳои мунахаби миллии АМА ва Тоҷикистон боре ҳам бо ҳамдигар бозӣ накардаанд.