Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон омодагиро ба бозии дӯстона бо тими миллии АМА, ки 12 ноябр баргузор мешавад, идома медиҳад.
Имрӯз, пеш аз тамрини навбатӣ дар ҷамъомади таълимиву тамринии Дубай, футболбозон, мураббиён ва аъзои ҳайати тими миллии кишвар аз озмоиши навбатии коронавирус гузаштанд. Сипас тамоми даста дар майдони Ассотсиатсияи футболи Аморати Муттаҳида якуним соат тамрин гузарониданд.
Ёдрас мешавем, ки бозии дӯстона байни тимҳои миллии Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 12 ноябр дар варзишгоҳи “Забил”-и Дубай, ки варзишгоҳи хонагии бошгоҳи футболи “Ал-Васл” аст, баргузор мегардад. Бозӣ соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 Душанбе) оғоз мешавад.