Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон омодагияшро ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 давом медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон омодагияшро ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 давом медиҳад

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ, мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе омодагиро барои ширкат дар марилаи ниҳоии чемпионати Осиё, ки аз 2 то 13 декабр дар давлати Кувайт баргузор мешавад, идома дода истодааст.

Дар доираи ин омодагӣ даста ҳар рӯз ду маротиба дар Маҷмааи варзишии болопӯшидаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамрин мекунад. Мутахассиси гурҷӣ барои иштирок дар ин чорабинӣ, ки то 10 октябр идома меёбад 18 бозигарро даъват намудааст, ки аз инҳо 3 кас дарвозабон мебошад.

Ёдрас мешавем, ки дар 16-умин чемпионати Осиё, ки аз 2 то 13 декабр дар Кувайт баргузор мегардад, дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бармад мекунад. Рақибони футзалбозони мо дастаҳои мунтахаби миллии футзали Туркманистон, Ветнам ва Умон мебошанд.

Панҷ дастаи беҳтарини иштирокчии марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 соҳиби роҳхат ба 9-ум чемпионати ҷаҳон оид ба футзал мешаванд. Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал соли оянда дар давлати Литва баргузор мегардад.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»), Муродулло Алиқулов («Соро компания»), Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»);

Бозигарони майдон: Муҳаммад Шарипов, Умед Кузиев, Рустам Ҳамидов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания»), Дилшод Саломов, Раҳмоналӣ Шарипов, Собирҷон Гуляков, Баҳодур Хоҷаев, Иқбол Воситзода, Парвиз Раҳматов, Алишер Сафаров (ҳама аз «Сипар»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев (ҳарду аз «Муҳоҷир»).

Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).

Назари худро бинависед