Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе ҷамъомади омӯзишиву машқии худро дар Маркази омӯзишии Бонки миллӣ дар гулистон шурӯъ намуд.
Дар ин ҷамъомади оӯзишиву машқӣ, ки то 16 ноябр идома мекунад, Александр Дзабирадзе 18 бозигар – 3 дарвозабон ва 15 бозигари майдонро аз се дастаи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон даъват кардаст.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон ҳайати ниҳоии мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаҳои дӯстона дар Тошканд муайян карда мешавад, ки дар он дастаи мо бо тимҳои миллии Қирғизистон (18 ноябр) ва Узбекистон (19 ноябр) бозӣ мекунад.
Ёдрас мешавем, ки дар 16-умин чемпионати футзали Осиё, ки аз 23 март то 3 апрели соли оянда дар Кувайт баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо тимҳои миллии Туркманистон, Ветнам ва Уммон хоҳанд буд.
Ҳайати мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Гулистон:
Даровзабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»), Муродулло Аликулов («Соро компания»), Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»);
Бозигарони майдон: Дилшод Саломов, Собирҷон Гуляков, Баҳодур Хоҷаев, Иқбол Воситзода, Алишер Сафаров, Раҳмоналӣ Шарипов, Парвиз Раҳматов (ҳама аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов, Некрӯз Алимаҳмадов, Умед Кузиев, Идрис Ёров (ҳама аз «Соро компания»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев, Некрӯз Идиев, Абдуқаюм Умаров (ҳама аз «Муҳоҷир»).
Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).
Бозиҳои дӯстона дар Тошканд
17 ноябр (сешанбе)
Узбекистон – Қирғизистон
18 ноябр (чоршанбе)
Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
19 ноябр (панҷшанбе)
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН