Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишиву машқияшро дар Душанбе мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишиву машқияшро дар Душанбе мегузаронад

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон зери роҳбари сармураббӣ, мутахасиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе ҷамъомади омӯзишиву машқии худро дар шаҳри Душанбе мегузаронад.

Ба ҷамъомади омӯзишиву машқии мазкур 16 футзалбоз, аз ҷумла 3 дарвозабон ва 13 бозигари майдонӣ даъват шудаанд. Вобаста ба латбардорияшон чанд тан аз бозигарони мунтахаби миллии футзали кишвар дар ин чорабинӣ иштирок карда наметавонанд.

Ёдрас мешавем, ки дар 16-ум чемпионати футзали Осиё, ки аз 23 март то 3 апрели соли оянда дар давлати Кувайт баргузор мегардад, футзалбозони мо дар гурӯҳи “А” баромад хоҳанд кард. Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон мунтахабҳои футзали Туркманистон, Ветнам ва Уммон мебошанд.

 

Ҳайти дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»), Муродулло Алиқулов («Соро компания»), Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»);

Бозигарони майдонӣ: Рустам Ҳамидов, Умед Кузиев, Фаридун Неъматов, Идрис Ёров (ҳама аз «Соро компания»), Дилшод Саломов, Баҳодур Хоҷаев, Алишер Сафаров, Раҳмоналӣ Шарипов, Парвиз Раҳматов (ҳама аз «Сипар»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев, Некрӯз Идиев, Абдуқаюм Умаров (ҳама аз «Муҳоҷир»).

Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).

Назари худро бинависед