Дастаи мунтахаби бонувони то 20 соли Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Илдар Рахманов омодагиро ба марҳилаи интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2022 шурӯъ намуд.
Ҷамъомади омӯзишиву машқии даста дар шаҳри Турсунзода баргузор шуда, то 18 ноябр идома меёбад. Ба ҷамъомади омӯзишиву машқии мазкур сармураббии даста Илдар Рахманов 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 муҳофиз, 9 ниммуҳофиз ва 5 ҳамлагарро даъват намудаст.
Ҳарифони дастаи мунтахаби бонувони то 20 соли Тоҷикистон дар марҳилаи якуми интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2022 санаи 23 декабр маълум мешаванд. Дар марҳилаи якуми мусобиқа 32 дастаи футболи занонаи осиёӣ ба 8 гурӯҳи 4 дастаӣ тақсим мешаванд. Ғолибони гурӯҳ ба даври баъди роҳхат мегиранд.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон макони баргузории яке аз гурӯҳҳои ин мусобиқа мешавад ва он аз 17 то 21 марти соли оянда доир хоҳад шуд.
Ҳайати дастаи мунтахаби бонувони то 20 соли Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар шаҳри Турсунзода:
Дарвозабонҳо: Дилноза Нурова («Ҳосилот»), Таҳмина Дӯстмуродова («Бешкент»), Маҳина Наимова («Равшан»);
Муҳофизон: Карина Мирзоева, Нилуфар Абдулҳайева (ҳарду аз «Зебонисо»), Сабрина Наимова («Ҳосилот»), Дилдора Имомалиева («Панҷшер»), Мунира Шарипова, Шукрона Хоҷаева, Зебонисо Абдуллаева (ҳама аз «Хатлон»), Лайло Кучкинова («Зебо»);
Ниммуҳофизон: Мадина Давлятова, Нисо Абдуллоева (ҳарду аз «Зебонисо»), Раҳиёна Камолова («Зебо»), Маҳинаи Абдулфаттоҳ («Ҳосилот»), Гулфайрӯз Ҳазратова («Равшан»), Сабрина Одинаева («Хатлон»), Машука Давлатшоева, Зуҳро Баҳодирова (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Дилафрӯз Кучкинова («Панҷшер»);
Ҳамлагарон: Марҷона Саидова, Некӯбахт Худододова (ҳарду аз «Зебонисо»), Муҳайминаи Гулаҳмад («Хатлон»), Дилдора Раҳмонова («Спитамен»), Малика Қаюмова («Чашма»).
Сармураббӣ – Илдар Рахманов.