Дастаи «Истиқлол» нахустин бозии худро дар мавсими нави Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи «Истиқлол» нахустин бозии худро дар мавсими нави Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 анҷом дод

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон дар мавсими нави Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё аввалин бозии худро анҷом дод.

«Истиқлол» дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дар чаҳоргонаи «С» дар майдони худ бо бошгоҳи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб қувваозмоӣ кард. Вохӯрӣ бо ғалабаи меҳмонон – 1:0 хотима ёфт.

Дар бозии дигари гурӯҳ тими «Ал-Ваҳдат»-и Урдун дар Аммон бар тими «Сипоҳон»-и Эрон пирӯз шуд – 2:1. Голи «Сипоҳон»-ро ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов зад.

Дастаи «Истиқлол» дар даври навбатии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2024/25 дар меҳмонӣ бо тими «Сипоҳон»-и Эрон бозӣ мекунад. Ин дидор рӯзи 1 октябр дар Фӯлодшаҳри Эрон баргузор мешавад.

Назари худро бинависед