Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолонашон аз Беларус ду бозии дӯстона анҷом медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолонашон аз Беларус ду бозии дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 таҳти роҳбарии мутахассиси словенӣ Милош Костич дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи июн бо ҳамсолони худ аз Беларус ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Рақобати санҷишии якум миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистону Беларус рӯзи 7-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода ва бозии дуюм рӯзи 10-уми июн дар майдони маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Варзоб сурат мегиранд.

Бояд гуфт, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 21 то 29 сентябр баргузор мешавад. Рақибони дастаи ҷавонони мо дар марҳилаи интихобӣ рӯзи 13 июн муайян мегарданд.

Назари худро бинависед