Нахустин бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футзали Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки имрӯз, 14 июл дар Ҷиззах баргузор шуд, мусовӣ бо ҳисоби 4:4 анҷом ёфт.
Аз ҳайати дастаи мо голҳоро Умед Кузиев, Баҳодур Хоҷаев, Идрис Ёров ва Дилшод Саломов ба самар расониданд.
Пагоҳ, 15 июл, футзалбозони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар Ҷиззах бозии дувуми дӯстонаашонро баргузор мекунанд. Вохӯрӣ соати 19:00 оғоз мешавад.
Бозии дӯстона
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН – 4:4
Голҳо: Дилшод Раҳматов, 7 (1:0). Ихтиёр Ропиев, 13 (2:0). Умед Кузиев, 19 (2:1). Ҳусниддин Нишонов, 19 (3:1). Баҳодур Хоҷаев, 26 (3:2). Идрис Ёров, 29 (3:3). Илҳом Ҳамроев, 31 (4:3). Дилшод Саломов, 34 (4:4).
14 июл. Ҷиззах. Маҷмааи варзишии «Суғдиёна».
Бозиҳои боқимонда:
15 июл (ҷумъа)
Оғоз – соати 19:00
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН
Ҷиззах, Маҷмааи варзишии «Суғдиёна»
17 июл (якшанбе)
Оғоз – соати 19:00
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН
Ҷиззах, Маҷмааи варзишии «Суғдиёна»