Имрӯз, 12 феврал дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маросими ҷоизасупории дастаҳои «Вахш»-и Бохтар багузор гардид, ки дар чемпионати кишвар медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар маросим ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев иштирок карданд.
Бошгоҳи «Вахш» дар лигаи олии Тоҷикистон-2025 бо 45 имтиёз ҷойи дуюмро ишғол кард. Даста дар 22 бозии мавсим 12 пирӯзӣ ба даст оварда, нуҳ мусовӣ ва як бохт ба қайд гирифтааст. Таносуби тӯбҳо 33-18 буда, баромади устувор ва боэътимоди дастародар тӯли мавсим тасдиқ кард.
Дастаи ҷавонони «Вахш» низ дар мавсими 2025 бозии шоиста нишон дод. Тими ҷавонони шаҳри Бохтар бо 43 имтиёз дар чемпионати Тоҷикистон-2025 байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ мақоми сеюмро касб намуд.