Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни ҷавонони то 20-сола дар Тоҷикистон ба анҷом расид.
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар ин мусобиқа се бозӣ анҷом дод. Ҷавонони мо дар марҳилаи гурӯҳӣ бар Афғонистон (2:0) пирӯз шуда, бо Қирғизистон мусовӣ (1:1) кард. Дар бозӣ барои ҷойи сеюм мунтахаби Тоҷикистон бар тими Ӯзбекистон (вақти асосӣ – 1:1, пеналти – 4:2) ғалаба карда, барандаи медали биринҷии мусобиқот гардид.
Ғолиби чемпионати CAFA-2025 тими ҷавонони Эрон шуд, ки дар рақобати ниҳоӣ дастаи ҷавонони Қирғизистонро мағлуб намуд (2:0). Дар бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум Туркманистон бар Афғонистон бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.
Дар маросими ҷамъбастии чемпионати CAFA-2025 ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва котиби генералии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов ширкат доштанд.
Ҷоизаи «Fair Play» ба тими Эрон супурда шуд. Ҷоизаи беҳтарин дарвозабони чемпионати CAFA-2025 насиби дарвозабони мунтахаби ҷавонони Эрон Амирмаҳдии Мақсудӣ гардид. Ҷоизаи муфидтарин бозигари мусобиқаро Маҳан Акбарзода аз дастаи Эрон ба даст овард. Ва беҳтарин нишонзан Умар Талантбеков (Қирғизистон) гардид, ки дар ҷараёни мусобиқот се гол зад.