Дар Суперҷоми Тоҷикистон-2025 бозиҳои бурднок гузаронида мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Суперҷоми Тоҷикистон-2025 бозиҳои бурднок гузаронида мешаванд

Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол рӯзи 25 май дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозӣ барои 1XBet-Суперҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор мешавад, ки дар он дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода вомехӯранд. Вохӯрӣ соати 19:00 оғоз мешавад.

Бо ибтикори Лигаи футболи Тоҷикистон дар танаффуси рақобат лотореяи варзишӣ доир карда мешавад. Мухлисоне, ки чипта мехаранд, тӯҳфаҳои арзишманд: PlayStation 5, ду смартфон, телевизор, тӯби расмии чемпионати Тоҷикистон-2025 ва пироҳани тими миллии Тоҷикистон бурд карда метавонанд.

Нархи чиптаҳо дар ҳама нишастгоҳҳо якхел аст – 10 сомонӣ. Чиптаҳоро аз хазинаи Варзишгоҳи марказии Ҳисор харидан мумкин.

Назари худро бинависед