Дар Душанбе ҷашнвораи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор шуд. Чорабинӣ дар доираи ташаббуси оммавӣ гардонидани футбол байни кӯдакон роҳандозӣ гардид.
Фестивал садҳо нафар навраси футболдӯстро ба ҳам овард. Барномаи чорабинӣ аз бозиҳои шавқовару озмунҳои ҷолиб иборат буда, дар фазои шодӣ ва дӯстӣ сурат гирифт.
Баргузории фестивал дар Душанбе боз як бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон талошҳои байналмилалиро барои рушди футболи оммавӣ фаъолона дастгирӣ мекунад.
Фестивали футболи оммавии КФО дар Душанбе бахше аз чорабиниҳои ҷашнии Рӯзи ҷаҳонии футбол гардид, ки ҳоло дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ҷараён дорад.