Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд

Дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои муҳими марбут ба рушди маркетинги футбол баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласаи кумита, ки таҳти раёсати ноиби президенти ФФТ Искандар Ҷалилов баргузор шуд, чанд самти муҳими маркетинги футбол – таҳкими робита бо мухлисон, рушди самти тиҷоратӣ, контент ва расонаҳо, инчунин мерчандайзинг баррасӣ шуд.

Дар ҷаласаи кумита ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи мухлисон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Дар чаҳорчӯби он тасмим гирифта шуд, ки бо раҳбарони гурӯҳи мухлисони бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон мулоқоти васеъ ташкил карда, ташаббусҳои муштарак барои дастгирии фаъоли дастаҳои миллии Тоҷикистон дар варзишгоҳҳо баррасӣ карда шаванд.

Аъзои кумита инчунин механизмҳои ҷалби шарикон ва сарпарастони нав, инчунин роҳҳои баланд бардоштани самаранокии кор бо шарикони мавҷударо таҳлил намуданд.

Назари худро бинависед