Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро, ки барои аввалин бор дар таърих ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт, дар Душанбе дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.
Барои истиқболи тими миллии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе даҳҳо намояндагони расонаҳои хабарӣ ва садҳо мухлисон ҷамъ омаданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи моро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.
Футболбозон ва ҳайати мураббиёну маъмуронро дар толори пешвози меҳмонҳои олиқадр (VIP) истиқбол карданд ва дар онҷо онҳоро ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, Дилшод Ҷӯразода, Алишер Урунов, дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Шоҳрух Саидзода, инчунин раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода пазируфтанд. Масъулин дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои муваффақият дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар Бишкек ва ба даст овардани роҳхат ба қисмати финалии қаҳрамонии Осиё табрик гуфта, инчунин ба ҳар як узви даста изҳори сипос карданд.
Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F», ки аз 8-ум то 14-уми июн дар Бишкек баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон бар тимҳои Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) ғолиб омад. Бо тими миллии Қирғизистон рақобатро мусовӣ (0:0) анҷом дод. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт бо касби ҳафт имтиёз дар гурӯҳ мақоми аввалро касб кард ва барои аввалин бор дар таърих роҳхат ба финали Ҷоми Осиёро соҳиб шуд.