Дар шаҳри Душанбе тибқи нақшаи раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон семинар оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни дастаҳои наврасон ҷараён дорад.
Ба семинар мураббиёне, ки дастаҳояшон дар мусобиқаҳои Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ширкат мекунанд, фаро гирифта шудаанд.
Дастурдиҳандаҳо директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков, мудири шуъбаи таҳлил ва методологияи раёсати техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров ва мудири шуъбаи таълимии раёсати техникии ФФТ Алифбек Беромов мебошанд.
Дар давоми семинар мураббиён дар бораи сохтори таҳлили бозиҳо, усулҳои муайян кардани камбудиҳои бозӣ ва роҳҳои ислоҳи онҳо ҳангоми тамрин маълумот мегиранд.
Ҳадафи асосии семинар баланд бардоштани малакаи таҳлилии мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон ва истифодаи самараноктари маълумоти бозиҳо барои рушди футболбозони наврас мебошад.