Дар Душанбе мусобиқаи хотираи Фарҳод Ҷабборов таҳти унвони «Таътили зимистона-2025» ба охир расид – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе мусобиқаи хотираи Фарҳод Ҷабборов таҳти унвони «Таътили зимистона-2025» ба охир расид

Дар рӯзҳои таътили зимистона дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Таътили зимистона-2025» байни кӯдакони соли таваллудашон 2012 ва 2013 баргузор гардид. Мусобиқа ба хотири гиромидошти хабарнигори маъруфи варзишӣ Фарҳод Ҷабборов, ки солҳои тӯлонӣ ба нафъи футболи пойтахт заҳмат кашидааст, бахшида шудааст.

Мусобиқаи мазкур 1 январ оғоз шуда, дар охирин рӯзи таътили зимистонаи кӯдакон – 7 январ ба анҷом расид.

Дар гурӯҳи кӯдакони то 12-сола дастаи «Душанбе-Солор» ғолиб гардид. Медалҳои нуқра насиби дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш оид ба футбол гардид. Нишонҳои биринҷиро «Помир»-и пойтахт соҳиб шуд.

Дар мусобиқа байни футболбозони то 13-сола дастаи «Душанбе-Солор» ғолиби мусобиқот гардид. Ҷои дуюм насиби дастаи МҶМОВ ва зинаи сеюм аз они бачаҳои «Хоҷамбиё» шуд.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев, директори Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе Субҳон Хоҷамов, бародарони марҳум Фарҳод Ҷабборов – Бахтиёр ва Ҷамол Ҷабборовҳо ширкат доштанд.

Байни кӯдакони то 12-сола Мирзомақсуд Мусофиров (МҶМОВ), Аминҷон Шарифов («Помир»), Ниёзи Аҳмадҷон (МҶМОВ) ва Далер Халилов («Душанбе-Солор») беҳтарин бозигар дар ҳайати дастаҳои худ эътироф гаштанд. Беҳтарин нишонзани мусобиқа Билол Исматов («Душанбе-Солор») ва беҳтарин бозигар Имрон Маҳмудов («Душанбе-Солор») эълон гардиданд.

Кумитаи тадорукоти мусобиқа Абдулло Идиев («Хоҷамбиё»), Фирдавс Муҳаммадҷонов (МҶМОВ), Муҳаммад Содиров («Душанбе-Солор») ва Фотеҳ Гадобоевро (КМВА) беҳтарин бозигар дар дастаҳои хеш байни кӯдакони то 13-сола эълон кард. Ҷоизаи нишонзани беҳтарини мусобиқа ба Александр Холиқназаров («Помир») ва бозигари беҳтарин ба Иброҳим Муродов («Душанбе-Солор») тақдим шуданд.

Назари худро бинависед