Дар арафаи Соли нав Федератсияи футболи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар дар Академияи «Ювентус»-и шаҳри Душанбе таҳти шиори «Футбол барои ҳама» барои нафарони имконияти ҷисмониашон маҳдуд фестивали футбол баргузор кард.
Дар чорабинӣ ҳудуди 100 нафар ширкат варзид. Пас аз анҷоми ҳаракатҳо зери садои мусиқӣ бачаҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, байни ҳам бозиҳои шавқовар ва футбол ташкил намуданд.
Фестивал ба иштирокчиён ҳиссиёти фаромӯшнашаванда бахшид. Дар фарҷом ба ширкаткунандагон либосҳои варзишӣ, тӯбҳо ва тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд.