Дар шаҳри Душанбе боз як мусобиқаи байналмилалии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) баргузор мешавад.
Тибқи нақшаи кории Созмони мазкур аз 2 то 8 июли соли ҷорӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе қаҳрамонии CAFA-2021 байни дастаҳои мунтахаби духтарони навраси то 17 сола баргузор мешавад.
Барои муайян намудани беҳтарин дастаи минтақа – мунтахабҳои футболи духтарони навраси то 17 солаи кишварҳои Афғонистион, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Эрон рақобат мекунад. Бозиҳои мусобиқа ду қисми иборат аз 40 дақиқагӣ мебошанд. Ҳамагӣ дар доираи баргузории ин мусобиқа даҳ бозӣ доир мешавад. Ҳамаи бозиҳо бидуни иштироки мухлисон хоҳанд гузашт.
Тибқи Низомнома, қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои мунтахаби духтарони навраси то 17 сола, аз рӯи сисетемаи даврӣ, дар як қисм сурат хоҳад гирифт. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳои соҳибшудааш маълум мешавад..
Қаҳрамонии CAFA-2021 байни духтарони то 17 сола
Даври 1-ум
2 июл (ҷумъа)
18:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
20:45 – Эрон – Афғониситон
Даври 2-юм
3 июл (шанбе)
18:00 – Эрон – Узбекистон
20:45 – ТОҶИКИСТОН – Афғонистон
Даври 3-юм
5 июл (душанбе)
18:00 – Афғонистон – Қирғизистон
20:45 – ТОҶИКИСТОН – Узбекистон
Даври 4-ум
6 июл (сешанбе)
18:00 – Узбекистон – Афғонистон
20:45 – Эрон – Қирғизистон
Даври 5-ум
8 июл (панҷшанбе)
18:00 – Қирғизистон – Узбекистон
20:45 – ТОҶИКИСТОН – Эрон