Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд

Имрӯз, 3-юми июл дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аз фаъолияти мавсими 2024/25 натиҷагирӣ карда шуда, масъалаҳои асосии ташкилӣ баррасӣ ва нақшаҳои мавсими нави футзал дар кишвар муайян гардиданд.

Котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ба ҳозирин раиси нави Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон – директори генералии шабакаи нуқтаи фурӯши сӯзишвории «ОРИЁ» Абдузоир Исмоиловро муаррифӣ кард.

Дар суханронии ифтитоҳӣ раиси нави Кумитаи футзали ФФТ Абдузоир Исмоилов ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои эътимод изҳори сипос намуда, қайд кард, ки барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи футзал дар кишвар тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод.

Сипас иштирокчиёни ҷаласа натиҷаҳои мавсими гузаштаро ҷамъбаст намуда, оид ба рушди футзал табодули афкор карданд ва самтҳои афзалиятноки давраи ояндаро муайян намуданд. Дар ҷаласа ба формати чемпионат, тақвими мусобиқот ва масъалаҳои доварӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд.

Қарор шуд, ки формати мавсими нави Суперлигаи футзали Тоҷикистон мисли қаблӣ шавад – мавсими нав тахминан 26 июл оғоз шуда, моҳи декабр ба анҷом мерасад.

Дархости бошгоҳҳо барои ширкат дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 на бештар аз чаҳор легионерро дар бар мегирад, ки дар як вақт то се нафари онҳо метавонанд дар майдон бошанд.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал-2025 миёни бошгоҳҳои Душанбе «Соро компания» ва «Истиқлол» моҳи сентябр ба нақша гирифта шуд.

Аъзои Кумитаи футзали ФФТ ҳамчунин тағйиру иловаҳоеро, ки ба низомномаи мавсими нави Суперлигаи Тоҷикистон ворид мешаванд, баррасӣ карданд.

Аъзои Кумитаи футзали ФФТ низ аз идеяи ҷорӣ кардани низоми видеодовар (VAR)-ро дар бозиҳои силсилаи ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон-2025 пуштибонӣ карданд.

Назари худро бинависед