22 май дар қароргоҳи ЮНИСЕФ воқеъ дар шаҳри Ню-Йорк, таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона таҳти унвони «Ҳар бозӣ ба ҳар кӯдак» баргузор гардид.
Ин ҳамоиш бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол доир гардида, бо иштироки васеи намояндагони кишварҳои хориҷӣ, коршиносони байналмилалӣ, собиқадорон ва ситораҳои футбол баргузор шуд.
Ноиби якуми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо дар суханронии худ таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди футбол, махсусан миёни наврасон ва ҳамкориҳои мутақобила бо сохторҳои байналмилалиро муаррифӣ намуд. Ӯ ҳамчунин нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пуштибонии соҳаи футбол ва оммавигардонии он таъкид кард.
Ёдовар мешавем, ки ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби барномаҳои байналмилалӣ бахшида ба таҷлили нахустин солгарди Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардид. Ин иқдом бо ташаббуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) пешниҳод шуда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтааст.