Далер Каёсов: «Ҳадафи мо дар Ҷоми Осиё-2026 аз гурӯҳи худ баромадан ва ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфтан аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Далер Каёсов: «Ҳадафи мо дар Ҷоми Осиё-2026 аз гурӯҳи худ баромадан ва ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфтан аст»

Сармураббии дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон Далер Каёсов дар бораи натиҷаи қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 изҳори назар кард. Дастаи мо дар гурӯҳи «А» бо Тайланд (5 май), Мянмар (9 май) ва Арабистони Саудӣ (12 май) бозӣ мекунад.

«Мо дар гурӯҳи хубе қарор дорем. Дар ин сатҳ дастаҳои заиф вуҷуд надоранд. Аллакай омӯзиши рақибони худро оғоз кардаем. То Ҷоми Осиё-2026 се моҳ боқӣ мондааст, мо бояд ба мусобиқа мақсаднок омодагӣ дида, бо тимҳое, ки услуби бозии онҳо ба рақибони гурӯҳи мо монанд аст, бозиҳои дӯстона анҷом диҳем.

Сатҳи масъулиятро дарк мекунем ва ба кори ҷиддӣ омодаем. Муҳим аст, ки ба мусобиқа то ҳадди имкон бо омодагии хуб равем – ҳам аз ҷиҳати тактикӣ ва ҳам аз ҷиҳати равонӣ.

Ҳадаф – ҳадди ақал аз гурӯҳ баромадан ва роҳ ёфтан ба чемпионати Ҷоми ҷаҳон-2026 аст», – қайд кард Далер Каёсов.

 

Назари худро бинависед