Ба таваҷҷуҳи мухлисони футбол, ки мехоҳанд дар бозиҳои мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» ширкат кунанд!
Чиптаҳо барои шаш бозии марҳилаи гурӯҳӣ аллакай дастрасанд ва онҳоро аз платформаи echipta.tj харидан мумкин аст. Нархи чипта 30 сомонӣ мебошад.
Дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» дар гурӯҳи «В» тимҳои миллии Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон ширкат мекунанд. Ҳамаи бозиҳо аз 29 август то 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.