Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати доваронеро, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои мунтахаби то 23-сола кор хоҳанд кард, нашр намуд.
Дар рӯйхати доварони Ҷоми Осиё-2024 чаҳор намояндаи Тоҷикистон низ шомиланд. Инҳо доварони ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва Насрулло Кабиров ва ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев мебошанд.
Бояд гуфт, дар Ҷоми Осиё-2024 (U-23), ки аз 15 апрел то 3 май дар Қатар баргузор мешавад, 16 даста ширкат меварзад.