Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол 25 май дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон-2025 доир мешавад.
Дар шонздаҳумин Суперҷоми Тоҷикистон қаҳрамони феълии кишвар – «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ба ҳам меоянд. Вохӯрӣ соати 19:00 оғоз мешавад.
Бояд гуфт, ки дар таърихи Суперҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» аз ҳама бештар – 12 маротиба соҳиби ҷоиза шудааст. Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода солҳои 2011, 2012 ва 2013 барои ин ҷом мубориза бурда, дар ҳарсе рақобат аз тими «Истиқлол» шикаст хӯрдааст.