Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025-ро Сайёдҷон Зайниддинов доварӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025-ро Сайёдҷон Зайниддинов доварӣ мекунад

Ҳайати расмии бозии ниҳоии 1XBet-Ҷоми Тоҷикистон-2025 тасдиқ карда шуд. 14 сентябр дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Эсхата»-и Хуҷанд вомехӯранд.

Довари марказии бозии ниҳоӣ довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов аз Душанбе таъйин шуд. Ба ӯ дар хат ёварони довари ФИФА Вафо Қараев (Шаҳринав) ва Исмоил Нуралиев (Норак) кӯмак мекунанд. Вазифаи ҳаками чорумро довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло (Душанбе) иҷро мекунад. Амирҷон Хоркашев (Душанбе) дар VAR кор карда, Ҳасан Каримов аз Норак ёвари VAR хоҳад буд. Рустам Абдуллоев (Душанбе) кори ҳайати доваронро назорат мекунад, Алишер Парпиев аз Бохтар комиссари бозӣ ва Раҳмон Муртазоев (Душанбе) ҳамоҳангсози генералии бозии ниҳоӣ интихоб шуданд.

Назари худро бинависед