Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Филиппинро гурӯҳи доварон аз Ҷопон ҳакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Филиппинро гурӯҳи доварон аз Ҷопон ҳакамӣ мекунад

Конфедератсияи футболи Осиё доваронро барои бозии даври ниҳоии гурӯҳи А дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни дастаҳои Тоҷикистон ва Ҷопон таъйин кард.

Ин бозиро гурӯҳи доварон аз Ҷопон ҳакамӣ мекунад. Довари ФИФА Хироки Касахара довари марказӣ хоҳад буд. Ба ӯ дар хатҳо ёварони довари ФИФА Такеши Асада ва Такебе Йосуке кӯмак мерасонанд. Довари чорум Нагамине Коки хоҳад буд. Пратап Сингҳ аз Ҳиндустон доваронро назорат мекунад ва Алимм Орифов аз Ӯзбекистон комиссари бозӣ интихоб шуд.

Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Филиппин 31 март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 19:00 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед