Бозии дуюми дӯстона байни тимҳои миллии ҷавонони то 23 солаи Баҳрайн ва Тоҷикистон, ки рӯзи 6-уми сентябр, дар Манама баргузор гашт бо ҳисоби баробари 2 бар 2 анҷом ёфт.
Қобили зикр аст, ки дастаи мунтахаби ҷавонони мо баъди задани ду голи капитани даста Эҳсони Паншанбе ба сафи пеш баромад, аммо мутаассуфона ҳисоби ғолибиятро нигоҳ дошта натавонист.
Бозии аввали ин дастаҳо мусовии бе гол анҷом шуда буд.
Ёдрас мешавем, ки барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозиҳои дӯстона дар Баҳрайн яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қаҳрамонии Осиё-2022, ки аз 25 то 31 октябр дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, маҳсуб меёбад. Дар ин марҳила дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” муқобили ҳамсолони худ аз Лубнон (25 октябр), Непал (28 октябр) ва Эрон (31 октябр) бозӣ мекунад.
Бозии дӯстона
Баҳрайн (U-23) – ТОҶИКИСТОН (U-23) – 2:2
Голҳо аз Тоҷикистон: Эҳсони Паншанбе (2).
Тоҷикистон (U-23): Далер Азизов, Шоҳрух Сангов (Исроил Идиев, 59), Наимҷон Иброҳимзода, Алиҷон Кароматуллозода, Ҳусейн Нурматов (Абдулмумин Забиров, 77), Кароматулло Саидов, Сорбон Авғонов, Эҳсони Паншанбе (Эмомалӣ Аҳмадхон, 68), Далер Ёдгоров (Хуршед Абдуллоев, 59), Шаҳром Самиев (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 68), Нуриддин Ҳамроқулов.
6 сентябр. Манама. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити».