Бозии дуюми дӯстонаи мунтахабҳои ҷавонони Тоҷикистону Эрон мусовӣ анҷом шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии дуюми дӯстонаи мунтахабҳои ҷавонони Тоҷикистону Эрон мусовӣ анҷом шуд

Бозии дуюми дӯстона байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон, ки 27-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт.

Ҳарду гол дар қисми аввали бозӣ зада шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 30-юм Паймон Додхон, бозигари мунтахаби ҷавонони Эрон, кушод. Баъди панҷ дақиқа Ислом Зоиров, бозигари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ҳисобро баробар кард.

Мубин Эргашев, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон, гуфт, “мутаассифона, бозӣ комилан бо бартарии ҳарифамон гузашт. Мо ин чизро умедвор будем, ки баъди бохт дар бозии ҷавобӣ ба онҳо ғалаба зарур мешавад. Мо бозиро аз хатти ҳимоя шуруъ кардем, вале, мутаассифона, муваффақ нашудем. Хуб аст, ки мо дар нимаи аввали дидор ҳисобро баробар кардем.”

Ёдрас мешавем, ки бозии дӯстонаи якум байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19 солаи Тоҷикистону Эрон, ки рӯзи 24 декабр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор гардида буд, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи футболбозони ҷавони Тоҷикистон анҷом ёфт.

 

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН (U-19) – Эрон (U-19) – 1:1

Голҳо: Паймон Додхон, 30 (0:1). Ислом Зоиров, 35 (1:1).

Тоҷикистон (U-19): Шоҳрух Қирғизбоев, Алидҷон Кароматуллозода (Исроил Холов, 46), Муҳаммадалӣ Азизбоев, Муҳаммад Саломзода, Манучеҳр Сафаров, Абдулмуъмин Забиров, Шарифбек Раҳматов (Шуҳрат Элмуродов, 46), Ҷонибек Шарипов (Озодбек Панҷиев, 66), Эмомалӣ Аҳмадхон (Шоҳрух Сангов, 46, Салам Ашурмамадов, 88), Ислом Зоиров, Шаҳром Самиев.

Эрон (U-19): Ҳамидризо Ризоӣ, Муртазо Эстакӣ, Аҳмадризо Ҷалолӣ, Ҳусейн Ноходкор, Ясин Салмонӣ, Алӣ Субҳонӣ (Маҳдӣ Ҳошиминажод, 70), Алиризо Асадабадӣ, Алиризо Муназзамӣ (Амиралӣ Садеғӣ, 82), Паймон Додхон, Алӣ Пурисмоилӣ, Милод Кор (Ҳусейн Шавердӣ, 90).

Огоҳӣ: Муҳаммадалӣ Азизбоев, Шаҳром Самиев (Тоҷикистон), Ясин Салмонӣ, Алӣ Пурисмоилӣ (Эрон).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Тоҷикистон).

27-уми декабр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Назари худро бинависед