Рӯзи якшанбеи 25 июл бо боргузории бозиҳои даври даҳум қисми дуюми чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои футболи бонувон шурӯъ шуд.
Пешсафи ҷадвали мусобиқа дастаи “Хатлон”-и Бохтар дар сафар бо ҳисоби бузурги 17:0 “Чашма”-и Шаҳритӯсро шикаст дод.
«Зебонисо»-и Душанбе ба дарвозаи дастаи “Суғд” ҳашт голи беҷавоб зад. «Равшан»- Кӯлоб бар «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 2:1 дастболо шуд. Футболбоздухтарони «Конибодом» бошанд ба дарвзаи дебютани лигаи имсола – “Нӯшофарин”-и Бохтар 21 голи беҷавоб заданд.
Як вохӯрии дигари ин давр байни «Зебо» ва «Бешкент» ба рӯзи 29 июл гузаронида шуд.
Бозиҳои даври ёздаҳуми чемпионат рӯзи сешанбеи 3 август баргузор хоҳанд шуд.
Чемпионати Тоҷикистон-2021 байи дастаҳои футболи бонувон
Даври 10-ум
«Зебонисо» – «Суғд» – 8:0
«Равшан» – «Ҳосилот» – 2:1
«Конибодом» – «Нушофарин» – 21:0
«Чашма» – «Хатлон» – 0:17
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «Хатлон» (Бохтар) | 10 | 10 | 0 | 0 | 95-3 | 30 |
2 | «Зебонисо» (Душанбе) | 10 | 8 | 1 | 1 | 83-9 | 25 |
3 | «Суғд» (Суғд) | 10 | 6 | 0 | 4 | 32-39 | 18 |
4 | «Равшан» (Кӯлоб) | 10 | 4 | 3 | 3 | 21-24 | 15 |
5 | «Ҳосилот» (Фархор) | 10 | 4 | 2 | 4 | 18-23 | 14 |
6 | «Бешкент» (Носири Хусрав) | 9 | 4 | 1 | 4 | 40-17 | 13 |
7 | «Конибодом» (Конибодом) | 10 | 4 | 1 | 5 | 52-25 | 13 |
8 | «Зебо» (Дӯстӣ) | 9 | 2 | 3 | 4 | 33-13 | 11 |
9 | «Нушофарин» (Бохтар) | 10 | 1 | 0 | 9 | 1-138 | 3 |
10 | «Чашма» (Шаҳритус) | 10 | 0 | 0 | 10 | 1-85 | 0 |
Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 40 гол, Марҷона Саидова («Зебонисо») – 22 гол, Рафина Нормуратова («Бешкент») – 20 гол.
Дар 11-ум вомехӯранд:
3 август (сешанбе)
«Зебонисо» – «Зебо»
«Суғд» – «Ҳосилот»
«Бешкент» – «Конибодом»
«Равшан» – «Чашма»
«Нушофарин» – «Хатлон»