Витсе чемпиони Тоҷикистон клуби футболи “Хуҷанд” дар бозии якуми марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2020 аз дастаи футболи “Нефтчӣ”-и Қирғизистон бо ҳисоби минималии 1 бар 0 мағлуб шуд.
Бозӣ имрӯз, 18 феврал дар Варзишгоҳи “Қурмонбек”-ишаҳри Ҷалолободи Қирғизистон баргузор гардид. Голи ягона ва ғалабаовари соҳибони майдонро дар дақиқаи 51 бозӣ легионери украинии “Нефтчӣ” Александр Игнатенко ба ҳадаф расонд.
Бозии ҷавобӣ рӯзи 26 феврал, соати 16:00 дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри душанбе доир мешавад.
Ёдрас мешавем, ки ғолиби ин ҷуфт ҳуқуқи иштирок намудан дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-ро дар соли ҷорӣ пайдо карда, дар гурӯҳи “Д” якҷоя бо дастаҳои футболи «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Дордой» (Қирғизистон) баромад мекунад.
Ҷоми КФО -2020
Минтақаи марказӣ
Плей-офф. Бозии аввал
«Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – 1:0
Гол: Александр Игнатенко, 51.
«Хуҷанд» (Хуҷанд, Тоҷикистон): Мамур Икрамов, Сироҷ Ҳамроев, Манучеҳр Сафаров, Ойбек Абдуғаффоров, Алишер Баротов, Манучеҳр Ахмедов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 59), Санҷар Рихсибоев, Абдулмумин Забиров, Бахтиëр Чориев (Комрони Мирзонаҷот, 88), Андрей Сидоров (Шарафҷон Солеҳов, 84), Дилшод Бозоров.
Огоҳонида шуданд: Усон уулу Эсенбек («Нефтчӣ»), Ойбек Абдуғаффоров, Абдулмумин Забиров, Андрей Сидоров («Хуҷанд»).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Александр Игнатенко («Нефтчӣ»).
Сардовар: Чае Санг-Хеоп (Кореяи Ҷанубӣ).
Нозири доварон: Абдулраҳмон Зайд Ал-Зайд (Арабистони Саудӣ).
Комиссари бозӣ: Талал Муҳаммад Алӣ Ал-Сваилмин (Урдун).
19 феврал. Ҷалолобод. Варзишгоҳи «Қурмонбек». 1100 тамошобин.
Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
26 феврал (чоршанбе)
Оғоз – соати16:00
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ