Аз 20 то 24 сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал дар гурӯҳи «С» баргузор мешаванд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобӣ бо тимҳои миллии Макао (20 сентябр), Камбоҷа (22 сентябр) ва Ҷопон (24 сентябр) рақобат мекунад. Ҳама бозиҳо бо иштироки дастаи мо соати 20:00 оғоз мешаванд. Нархи чиптаи ду бозии як рӯз 30 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамаи мухлисонро ба маҷмааи варзишӣ барои дастгирии тими миллӣ даъват менамоем!