Федератсияи футболи Тоҷикистон ба тамоми мухлисон барои дастгирии тими миллии кишвар дар бозиҳои мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023», ки як рӯз пеш дар Душанбе ба анҷом расид, изҳори сипос мекунад.
Мо ба мухлисоне, ки давоми мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ намуданд, аз самими қалб изҳори сипос мекунем. Ташаккури зиёд ба шумо, ки ба мунтахаби футзали Тоҷикистон қувват ва тавоноии иловагӣ бахшида, онҳоро рӯҳбаланд кардед. Хусусан ба роҳбарони ҳаракати мухлисони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон Саъдӣ Исмоилов ва Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон миннатдорӣ баён мекунем.
Федератсияи футболи Тоҷикистон инчунин ба тамоми хадамот ва ташкилотҳое, ки дар ташкил ва баргузории мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар Душанбе саҳм гузоштаанд, изҳори сипос мекунад.