Дар доираи барномаи “FIFA Women’s Football Campaign” Федератсияи футболи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Лигаи футболи бонувони кишвар як қатор фестивалу чорабиниҳоро бо иштироки духтаракони аз 6 то 12 сола баргузор менамояд. Ба иштирокчиёни фестивалу чорабиниҳо тӯб ва куртаҳои футболбозӣ тақдим карда мешавад.
Фестивали мазкур дар рӯзҳои зерин баргузор мешавад:
5 август – Ҷалолиддини Балхӣ;
6 август – Бохтар;
11 август – Варзоб;
12 август – Душанбе;
15 август – Истаравшан;
17 август – Ҷаббор Расулов;
19 август – Мастчоҳ;
21 август – Хуҷанд;
28 август – Фархор;
29 август – Кӯлоб;
30 сентябр – Дарвоз;
3 октябр – Хоруғ.
Чорабинии футболӣ байни духтаракони аз 7 то 12 сола дар рӯзҳои зерин хоҳад гузашт:
16-18 сентябр – Душанбе;
23-25 сентябр – Хуҷанд;
30 сентябр-2 октябр – Кӯлоб;
7-9 октябр – Бохтар.