Имрӯз, 23 июл дар Токио маросими ифтитоҳи 32-юм Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баргузор шуд.
Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 10 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Инҳо дзюдочиён Сомон Маҳмадбеков (вазни то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Темур Раҳимов (зиёда аз 100 кг), муштзанҳо Баҳодур Усмонов (то 63 кг), Шаббос Негматуллоев (то 81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (зиёда аз 91 кг), варзишгарони варзиши сабук Илдар Аҳмадиев (давидан ба масофаи 100 м), шиноварон Олимҷон Ишанов (тарзи озод, 50 м) ва Анастасия Тюрина (озод, 50 м).
Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳамаи варзишгароне, ки дар Токио шарафи кишвари моро ҳимоя мекунанд, муваффақият мехоҳад!