Ба ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон боз як мутахассис шомил гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Ба ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон боз як мутахассис шомил гардид

Мутахассиси гурҷӣ Леван Хомерики ба ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон шомил шуд.

Леван Хомерикии 51-сола ба Гела Шекиладзе дар ҳайати тими миллӣ ва олимпии Тоҷикистон кӯмак мекунад.

Хомерики дар давраи бозигарӣ ҳамчун ҳамлагар дар бошгоҳҳои Гурҷистон, Исроил, Белгия ва Швейтсария баромад кардааст. Дар мавсими 1997/98 ӯ беҳтарин нишонзани чемпионати Гурҷистон шуда буд.

Пас аз анҷоми фаъолияти бозигарӣ, ӯ ба мураббигӣ гузашт. Дар бошгоҳҳои Гурҷистон – «Динамо» (Батуми), «Гурия», «Телави» ва «Самгурали» ба ҳайси мураббӣ кор кардааст. Илова бар ин, дар мунтахабҳои мухталифи Гурҷистон (U-17, U-19, U-21), инчунин дар тими миллии ин кишвар дар вазифаи мураббӣ кор кардааст. Иҷозатномаи мураббигии «Pro»-и УЕФА-ро дорост.

Назари худро бинависед