Ба «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ба «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд

Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба бозигарон, ҳайати мураббиён ва роҳбарияти дастаи «Сардор»-и Турсунзода барои ишғоли ҷойи дуюм дар Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 медалҳои нуқра супорида шуданд.

Бо касби мақоми дуюм дар ҷадвал, «Сардор» барои роҳ ёфтан ба Лигаи олӣ бозиҳои гузаришӣ анҷом дод. Дар рақобатҳои гузаришӣ дастаи Турсунзода бо «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ рақобат карда, дар натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби 2:2 ва 2:0 пирӯз шуд ва ба Лигаи олии Тоҷикистон роҳхат гирифт.

Маросими ҷоизасупорӣ имрӯз, 30 декабр дар тарабхонаи «Community»-и Душанбе баргузор шуд. Директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва сардори шуъбаи баргузории мусобиқаҳои ЛФТ Сӯҳроб Ҳамидов ба бозигарон ва футболбозони «Сардор» медалҳои нуқраро тақдим намуданд. Онҳо зимни суханрониҳои худ бошгоҳи «Сардор»-ро барои дастоварди таърихӣ табрик гуфта, ба даста дар мавсими нави футбол муваффақият орзу карданд.