Ба дастаи «Душанбе» медалҳои биринҷии лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супурда шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ба дастаи «Душанбе» медалҳои биринҷии лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супурда шуданд

Лигаи футболи Тоҷикистон ба дастаи «Душанбе» барои ишғоли ҷойи сеюм дар чемпионати Тоҷикистон миёни бошгоҳҳои лигаи якум-2025 медалҳои биринҷӣ тақдим намуд. 

Маросими ҷоизасупорӣ дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе баргузор шуд. Медалҳои биринҷиро ба бозигарон, ҳайати мураббиён, кормандон ва роҳбарияти бошгоҳи «Душанбе» дар вазъияти тантанавӣ котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва раиси раёсати «Душанбе Сити Бонк» Хуршед Ақдодов супурданд.

Дар Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 дастаи «Душанбе» бо роҳбарии Юсуф Рабиев 54 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа ҷойи сеюмро ишғол кард. Дар 26 бозӣ тими «Душанбе» 16 пирӯзӣ, шаш мусовӣ ва чор бохтро ба қайд гирифт. Таносуби тӯбҳо 99-44-ро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки ҳамлагари дастаи «Душанбе» Назрулло Ашӯрализода бо 33 гол беҳтарин нишонзани чемпионат гардид.

Назари худро бинависед