Китфи сарвони «Истиқлол»-и Душанбе ва нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Алишер Ҷалилов муваффақона ҷарроҳӣ карда шуд.
Бозигари дастаи «Истиқлол» дар нимаи дуюми бозии даври дуюми Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 муқобили бошгоҳи «Гоа» (2:0) ҷароҳат бардошта, дар дақиқаи 75-ум иваз карда шуд.
Ба гуфтаи духтури дастаи «Истиқлол» ва тими миллии Тоҷикистон Фаррух Авезов, устухони паҳлӯи рости китфи Алишер Ҷалилов осеб дидааст. Бозигарро дар Маркази тиббии «Шифо» бомуваффақият ҷарроҳӣ карданд. Барқароршавии ӯ ду моҳ давом мекунад.
Рӯзи гузашта ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович ба аёдати Алишер Ҷалилов рафта, ба ӯ шифои комилу оҷил таманно карданд.