Алиҷони Айнӣ ба ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон даъват шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Алиҷони Айнӣ ба ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон даъват шуд

Ниммуҳофизи дастаи мунтахаби наврсони кишвар (U-17) Алиҷони Айнӣ барои бори аввал ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон даъват шуд.

Алиҷони Айнӣ ба ҷои Искандар Ҷалилов, ки дар рӯзи аввали тамрини мунтахаби миллии кишвар осеби ҷиддӣ бардошт, ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон даъват шудааст.

Рӯзи ҷумъаи 25-уми март дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар доираи бозиҳои даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии  қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F», муқобили тими миллии Муғулистон баромад мекунад. Бозӣ дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 18:00 оғоз хоҳад шуд.

Назари худро бинависед