Имрӯз, 1 декабр дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи шӯрои кумитаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи шӯрои кумитаи техникӣ, ки ҳашт соат идома кард, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори техникӣ Салоҳиддин Ғафуров, роҳбарони департаментҳои тимҳои миллӣ, доварон ва нозирон, маркетинг, шуъбаи таълими техникии ФФТ, директорони Лигаи футболи кишвар, Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон, Лигаи футболи бонувон ва Лигаи футзали Тоҷикистон, инчунин роҳбарони федератсияҳои футболи минтақавӣ ширкат карданд.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба корҳои анҷомдода ва натиҷаҳои бадастоварда дар соли ҷорӣ ҳисобот дода, нақшаҳои худро барои соли 2023 баён намуданд.
Зимнан зикр гардид, ки соли ҷорӣ якбора чаҳор тими миллии Тоҷикистон – дастаи яккачини кишвар, мунтахаби ҷавонон (U-20), наврасон (U-17) ва футзал тавонистаанд ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёбанд.
Дар маҷмуъ, дар соли 2022 тимҳои миллии Тоҷикистон 96 бозии байналмилалӣ анҷом додаанд, ки нисбат ба соли гузашта 58 бозӣ зиёд аст.
Дар соли 2022 доварони Тоҷикистон дар 82 вохӯрии байналмилалӣ кор карданд. Дар маҷмуъ дар соли ҷорӣ доварон дар 1658 бозии расмии кишвар, аз ҷумла, бозиҳои лигаҳои олӣ, якум, дуюм, чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон, лигаҳои наврасон, вохӯриҳои лигаҳои бонувон, футзал ва дигар мусобиқаҳо адои вазифа намуданд. Аз соли оянда дар бозиҳои лигаи олии Тоҷикистон системаи видеодовар (VAR) ҷорӣ карда мешавад.
Дар соли ҷорӣ таҳти сарпарастии Лигаи футболи кишвар, Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон, Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон ва Лигаи футзали Тоҷикистон роҳандозии мусобиқаҳои гуногун афзоиш ёфт.
Бо ташаббуси департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2022 ҳудуди бист курсу семинарҳои таълимӣ барои мураббиён гузаронида шуд. Қарор аст, соли оянда дар шаҳри Душанбе дар доираи барномаи таълимии литсензияи «Pro» курсҳои мураббигӣ роҳандозӣ карда шавад.
Шуъбаи маркетинги ФФТ низ фаъолияти пурсамар анҷом дод. Дар соли 2022 дар Тоҷикистон даҳ мусобиқаи байналмилалӣ таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Илова бар ин, дар ҷаласаи васеи шӯрои кумитаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар шакли муколамаи ошкоро сурат гирифт, иштирокчиён масъалаҳои муҳимеро, ки дар ояндаи наздик бояд ҳаллу фасл шаванд, тарҳрезӣ намуданд.