Ҷаласаи кумитаи футзали ФФТ: формат ва санаи оғози мавсими нав тасдиқ шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷаласаи кумитаи футзали ФФТ: формат ва санаи оғози мавсими нав тасдиқ шуданд

Имрӯз, 9 апрел дар Душанбе ҷаласаи васеи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин ҷаласа нақшаҳои мавсими нави футзал дар кишвар муайян гардиданд.

Дар ҷаласа котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов, раиси кумита Абдузоир Исмоилов, директори генералии Лигаи футзали кишвар Бахтовар Меликов ва дигар аъзоёни кумита иштирок карданд.

Зимни ҷамъомад формати мавсими нави Суперлигаи футзали Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Мавсими 2026 рӯзи 6 май оғоз шуда, моҳи ноябр ба анҷом мерасад. Маблағи умумии ҷоизаҳои Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2026 100 000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар мавсими нав ҳашт даста иштирок мекунад – «Соро компания», «Истиқлол», «Амонатбонк», КМВА ва «Сомон» аз шаҳри Душанбе, «Сипар»-и Хуҷанд ва ду дастаи нав – «Душанбе» ва «Истаравшан».

Бар хилофи мавсими гузашта, бозиҳои Суперлигаи Тоҷикистон шоми рӯзҳои чоршанбе ва панҷшанбе баргузор мешаванд. Ин қарор барои мухлисон ва инъикоси қулайи бозиҳо қабул карда шуд: интизор меравад, ки пахши мустақим дар шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» боз ҳам бештар ба роҳ монда шавад. Ин иқдом метавонад таваҷҷуҳи мухлисонро ба футзал афзоиш дода, аудиторияи чемпионатро дар саросари кишвар ба таври назаррас васеъ намояд.

Мисли мавсими гузашта, дастаҳо метавонанд барои иштирок дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2026 то чор бозигари хориҷиро ба дархости худ шомил намоянд. Ҳамзамон, тибқи қоида, дар як вақт дар майдон на беш аз се бозигари хориҷӣ ҳузур дошта метавонанд.

Бозии Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2026 байни қаҳрамони феълии кишвар – «Соро компания»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми миллӣ – «Сипар»-и Хуҷанд 28 июн дар Маҷмааи варзишии «Қасри Варзиш»-и Хуҷанд доир мегардад.

Бо пешниҳоди раиси Кумитаи футзали ФФТ Абдузоир Исмоилов имсол мусобиқаи ҷашнии футзал байни ҷавонони то 20-сола бо фонди ҷоизавӣ низ ташкил карда мешавад. Дар он дастаҳои ҷавонони Суперлига ширкат хоҳанд кард. Ҳадафи ин мусобиқа мусоидат ба рушди бозигарони ҷавон, ташаккули дастаи эҳтиётӣ ва баланд бардоштани сатҳи футзал дар Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷаласаи кумита инчунин масъалаҳои рушди инфрасохтор, аз ҷумла беҳтар кардани иншооти мусобиқаҳо баррасӣ шуданд.

Назари худро бинависед