Дар арафаи оғози мавсими нав роҳбарияти Лигаи футболи Тоҷикистон бо роҳбарони дастаҳои футболи лигаҳои якум ва олии кишвар ҷаласаи корӣ доир намуд.
Ҷаласаи мазкур рӯзи 25-уми феврал дар меҳмонхонаи “Атлас”-и шаҳри Душанбе бо иштироки Ноиби президенти Федератсия Алишер Урунов, Директори Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва намояндагони дастаҳои футболи лигаҳои олӣ ва якуми мамлакат баргузор шуд.
Ҷаласаро ифтитоҳ намуда, Алишер Урунов ба дастаҳои “Истиқлол”, “Хуҷанд” ва КМВА, ки имсол футболи даставии моро дар мусобиқаҳои расмии байналмилалии Конфедератсияи футболи Осиё намояндагӣ мекунанд, барору комёбӣ таманно намуд.
Директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон, Сайвалӣ Шоқурбонов ба масъалаҳои муҳими марбут ба мавсими футболи соли 2022, инчунин талабот ва меъёрҳои иҷозатномадиҳии бошгоҳҳо барои ширкат дар мусобиқоти даставии Конфедератсияи футболи Осиё тавзеҳ дод.
Сардори шӯъбаи баргузори мусобиқаҳои ЛФТ Бобоҷон Қаландаров дастаҳоро дар бораи талабот ва стандартҳои CLAS (Системаи литсензиядиҳии бошгоҳҳои футболо) шинос намуд. Тавре маълум аст, бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон барои дар соли оянда дар Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми AFC иштирок намудан, бояд тамоми меъёрҳо ва талаботи муқаррароти литсензиониро, ки ҷиҳати мутобиқагардонии самтҳои инфрасохториву кадрӣ, маъмурию ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд, иҷро намоянд.
Сипас, дар бораи мушкилоти доварӣ дар вохӯриҳои Лигаи футболи Тоҷикистон байни иштирокчиён суҳбати судманди дуҷониба сурат гирифт. Сардори Раёсати доварон ва нозирони ФФТ, Рустам Абдуллоев ба суолҳои роҳбарону намояндагони бошгоҳҳои лигаҳои олӣ ва аввали Тоҷикистон посух дод.
Сардори шӯъбаи маркетинги Федератсияи футболи Тоҷикистон Комрон Ҳусейнов ва менеҷер оиди кори сарпарастии ширкати “Париматч-Тоҷикистон” Сиёвуш Каримов дар мавзуҳои “Чӣ гуна бояд сарпарастон ҷалб карда шаванд” ва “Сарпарастӣ дар футбол” баромад намуда, ба намояндагони дастаҳо дар бораи роҳҳои муфиди ҷалби сарпарастон ба футбол маслиҳатҳо доданд.
Дар хотима сардори шӯъбаи иншоотҳои варзишии Федератсияи футболи Тоҷикистон Раҳмон Муртазоев баромад намуда, ба баъзе дастаҳо дар бораи рафъи камбудиҳои дар варзишгоҳҳояшон ҷойдошта, маслиҳату пешниҳодҳо дод.