Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё байни наврсон, ки бо сбабҳои пандемияи каронавирус баргузории қисми ниҳоии он ба соли оянда гузаронида шуд, зери раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии аввали дӯстона бар мунтахаби наврасони Узбекистон (U-16) бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Бозӣ рӯзи душанбе, 21-уми сентябр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид. Голи ягона ва ғалабаовари наврсони моро Хусрав Тоиров дар дақиқаи 38-ум ба самар расонд.
Бозии дувуми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Узбекистон рӯзи панҷшанбе, 24-уми сентябр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд баргузор мешавад.
Бозии дӯстона
Тоҷикистон (U-16) – Узбекистон (U-16) – 1:0
Гол: Хусрав Тоиров, 38.
Тоҷикистон (U-16): Сафармад Ғаффоров, Фахриддин Аҳтамов, Ҳукмиддин Шомуродов (Шаҳриёри Иноятулло, 80), Бежан Нишонбойзода (Хуршед Давлатзода, 70), Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Аббос Андалибов (Меҳрубон Каримов, 80), Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев (Азизбек Далиев, 80), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Суннатулло Азизов, 70), Муҷовид Шовайсуддинов (Асадбек Ҷӯрабекзода, 84).
Узбекистон (U-16): Асрорбек Кенҷаев, Суннатилло Поёнов (Тоҳирбек Тухтасинов, 60), Миркомил Абдураззоқов (Вазген Погосян, 83), Абдуқодир Хусанов, Асан Ваниев, Муҳаммадалӣ Усмонов (Пулотҷон Ҷумъахонов, 70), Алишер Хайруллоев (Асадбек Беглархонов, 83), Риан Исмоилов, Шаҳзод Акрамов, Асадбек Қаҳҳорҷонов, Рустам Турдимуродов (Муҳаммадалӣ Уринбоев, 83).
Огоҳӣ: Суннатилло Поёнов, Абдуқодир Хусанов (Узбекистон).
Сардовар: Насим Ҳамидов (Тоҷикистон).
21 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».