Ғалабаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар Эрон дар бозии якуми дӯстона – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар Эрон дар бозии якуми дӯстона

Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон, ки рӯзи 24-уми декабр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бе ҳузури мухлисон баргукзор шуд, бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.

Ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Алӣ Субҳонӣ, бозигари мунтахаби Эрон, дар дақиқаи 56-ум, тӯбро аз масофаи наздик бо зарбаи сар ба дарвоза зада, ҳисобро боз кард. Зимнан, меҳмонон имкон доштанд, ки ҳанӯз ду дақиқа пеш аз ин гол муваффақ шаванд. Вале Ёсин Салмонӣ тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонида натавонист. Тӯби аз пеналтӣ задаи ӯро дарвозабони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоев баргардонд.

Дар дақиқаи 73-юми вохӯрӣ бозингари дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон Муртазо Истокӣ қоидаи бозиро дар ҷаримагоҳ муқобили ҳарифаш вайрон намуд ва сардовари бозӣ Сайёдҷон Зайниддинов зарбаи пеглти таъин намуд. Онро ниммуҳофизи мо Абдулмуъмин Забиров бе хато иҷро кард.

Голи дувум ва ҳалкунандаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро Шаҳром Самиев дар охири бозӣ, дар дақиқаи 86-ум, зад. Ӯ тӯби аз самти чап ба ҷаримагоҳ ҳавододаи ҳамдастааш Ҷонибек Шариповро бо зарбаи сар ба тӯри дарвозаи эрониҳо ворид намуд.

Ба ин тартиб, бозии аввали дӯстона миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.

Бозии дувуми дӯстона миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон рӯзи якшанбеи 27-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

 

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН (U-19) – Эрон (U-19) – 2:1

Голҳо: Алӣ Субҳонӣ, 56 (0:1). Абдулмуъмин Забиров, 73 – аз пеналтӣ (1:1). Шаҳром Самиев, 86 (2:1).

Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф расонида натавонист: Ёсин Салмонӣ (Эрон), 55 – дарвозабон.

Тоҷикистон (U-19): Шоҳрух Қирғизбоев, Алиҷон Қароматуллозода, Муҳаммадалӣ Азизбоев, Муҳаммад Саломзода, Манучеҳр Сафаров, Абдулмуъмин Забиров, Шарифбек Раҳматов (Шуҳрат Элмуродов, 79), Озодбек Панҷиев (Ҷонибек Шарипов, 46), Ислом Зоиров (Суннатулло Исмоилов, 82), Рустам Соиров (Шоҳрух Сангов, 64), Шаҳром Самиев.

Эрон (U-19): Муҳаммадҷавод Киё, Муртазо Эстакӣ, Аҳмадризо Ҷалолӣ, Алиризо Бавиех (Фардин Рабет, 82), Ҳусайнн Ниҳодкор(Аҳмадризо Ҷандалӣ, 82), Ёсин Салмонӣ, Алӣ Субҳонӣ (Алиризо Моназамӣ, 66), АлиризоАсадободӣ, Амиралӣ Садегӣ (Ҳуссейн Шавердӣ, 87), Милод Кор, Маҳдӣ Ҳошиминажод.

Огоҳонида шуданд: Муҳаммадалӣ Азизбоев, Манучеҳр Сафаров, Абдулмумин Забиров, Ислом Зоиров, Шӯҳрат Элмуродов (Тоҷикистон), Муртазо Эстакӣ, Аҳмадризо Ҷалолӣ, Алиризо Асадободӣ, Маҳдӣ Ҳошиминажод, Алиризо Муназзамӣ (Эрон).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Тоҷикистон).

24 декабр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Назари худро бинависед